LIVE

“Ливерпул” аз пойгаҳи қаҳрамонӣ канор рафт

“Лестер” дар даври 24-уми чемпионати Англия дар хонаи худ “Ливерпул”-ро пешвоз гирифт. Дар дақиқаи 67-уми бозӣ Муҳаммад Салоҳ меҳмононро ба пеш баровард, аммо дар идомаи бозӣ аз ҳайати “Лестер”-Ҷеймс Мэддисон (78), Ҷейми Варди (81) ва Харви Барнс (85) голзанӣ намуда, ғалабаи соҳибони майдонро таъмин гарданд. Ёдовар мешавем, ки “Ливерпул” қабл аз бозӣ бо “Лестер” аз тимҳои “Брайтон” ва “Манчетер Сити” низ шикаст хурда буд. Барои “Лестер” пирӯзии имрӯза аввалин ғалаба дар майдонаш дар тӯли севуним соли охир бар “Ливерпул” аст. Ҳоло онҳо бо 46 хол дар зинаи 2-юм қарор доранд. Дастаи “Ливерпул” бошад, бори аввал пас аз омадани Юрген Клопп дар се бозии чемпионат пайдарҳам дучори бохт мешавад. Акнун боқӣ мондани “Ливерпул” дар чаҳоргона баъд аз ин давр зери суол аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив