LIVE

Модари Роналду дар бораи нақшаҳои ояндаи писараш гуфт

Долорес Авейро, модари ҳамлагари тими “Манчестер Юнайтед” ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду дар бораи нақшаҳои писараш пас аз ба нафақа баромадан сухан гуфт.

«Ман аллакай аз ӯ пурсидам, ки оё ӯ мехоҳад пас аз футболбозӣ мураббӣ шавад? Ӯ ба ман гуфт, ки мехоҳад аз зиндагӣ лаззат барад. Криштиану то синни 40-солагӣ бозӣ мекунад», - иқтибос овардааст Авейроро The Sun.

Роналдуи 36-сола аз моҳи августи соли 2021 дар ҳайати «Манчестер Юнайтед» бозӣ мекунад. Ҳамлагари португалӣ дар ин мавсим дар 13 бозии Премйер Лига 7 гол ва 2 ассист дорад. Вай инчунин дар панҷ бозии марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои УЕФА шаш гол дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив