LIVE

Модари Роналду Ҷорҷинаро намехоҳад

Мария Долорес Авейро, модари ҳамлагари “Манчестер Юнайтед” Криштиану Роналду ба писараш маслиҳат дод, ки бо дӯстдухтари феълии худ Ҷорҷина Родригес издивоҷ накунад, хабар медиҳад Cuatro. Як дӯсти ҳамлагари португалӣ гуфт, ки ба гуфтаи модари Роналду, Ҷорҷина танҳо ба пули бозигар таваҷҷӯҳ дорад, аз ин рӯ писарашро аз издивоҷ дилсард кардааст.
Солҳои охир овозаҳо дар бораи тӯйи махфии Криштиану ва Ҷорҷина дар Марокаш паҳн шуда буданд. Пештар худи Родригес дар яке аз барномаҳои телевизионӣ аз посух додан ба суол дар бораи тӯй худдорӣ мекард. "Ин аз ман вобаста нест",- мегуфт ӯ дар суоли хабарнигорон.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив