LIVE

Фред: "Роналду бо худаш офтобро ба "МЮ" овард"

Нимҳимоятгари “Манчестер Юнайтед” Фред Родригес гуфт, ки ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду ба ҳолати равонӣ ва тамриноти даста таъсираш мерасад.

«Роналду тамриноташ хеле фавқулода ва дар умум инсони хубе аст. Умедворам бо омаданаш ба “МЮ” кӯмак мекунад, то ҷоизае бигирад.

Мо медонем, ки Криштиану кист,  ӯ ғалаба карданро дӯст медорад. Вай ҳамаи моро ба пеш мебарад. 

Ӯ ба мо ангеза медиҳад ва аз мо хоҳиш мекунад, ки ҳатто дар тамрин ғолиб шавем. Вай дорои равони тавоно ва ҳадафҳои бузург аст, ки  ин барои як футболбоз хеле муҳим аст.

Вақте ки шумо ба Криштиану Роналду бо тӯб ва бидуни тӯб нигоҳ мекунед, фарқиятро мефаҳмед. Вай дар толори варзишӣ хеле зиёд кор мекунад. Вай омад ва офтобро бо худ овард",-иқтибос меорад сомонаи расмии “девҳои сурх” аз суханҳои Фред.



Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив