LIVE

Левандовски Роналдуро бо Месси муқоиса кард

Ҳамлагари "Бавария" Роберт Левандовски ҳамлагари ПСЖ Лионел Месси ва бозигари "Манчестер Юнайтед" Криштиану Роналдуро муқоиса кард.

"Оё Месси беҳтарин бозигари ҳама вақт аст?" Аз замоне ки ман футболбоз шудам, Месси ва Роналду аз ҳама болотар буданд. Дар байни онҳо ҳамеша дуэл сурат мегирифт. Гап сари он аст, ки шумо кадом намуди бозигарро меписандед. Ман заҳмати Криштиану Роналдуро эҳтиром мекунам. Барои Месси ҳама чиз осон ба назар мерасад. Ман фикр мекунам, ки Криштиану  барои ин  муваффақияташ бештар заҳмат кашидааст",- мегӯяд Левандовски.
Ёдовар мешавем, ки Левандовски дар охири соли 2021 дар мубориза барои "Тӯби тиллоӣ" дуввумин шуд ва ҷоиза насиби ҳамлагари аргентинии "ПСЖ" Лионел Месси гардид. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив