LIVE

Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббиён оғоз шуд

Бо ибтикори Федератсияи футболи Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Ватан»-и Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббиёни футболи бачагона оғоз гардид.

Машғулиятҳоро инструктори ФИФА ва AFC, собиқ сармураббии тими миллии Тоҷикистон Усмон Тошев аз Ӯзбекистон мегузаронад.

Дар маросими ифтитоҳи курсҳо директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков ширкат варзида, иштирокчиёни семинари футболи оммавиро самимона табрик намуданд.

Дар тӯли чаҳор рӯз 30 мураббии кӯдакона аз тамоми манотиқи Тоҷикистон дар мавзӯи “Хусусиятҳои раванди таълим барои кӯдакони аз 6 то 12 сола” дарсҳои амалӣ ва назариявӣ мегиранд.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив