LIVE

Дар Душанбе курсҳои ФИФА барои доварони футзал оғоз ёфт

Санаи 6-уми октябр дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency”  курсҳои ФИФА барои доварони футзали Тоҷикистон оғоз шуд. Инструктори курс яке аз нозирони пешсафи доварони ФИФА - Ясухиро Матсузаки аз Ҷопон мебошад, ки таҷрибаи кофии амалӣ ва дониши назариявӣ дорад. Дар ифтитоҳи курсҳо ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон - Дилшод Ҷӯразода ширкат варзида, ба иштирокчиён муваффақият таманно карданд.
Дар байни иштирокчиёни курс 23 довар - Беҳрӯз Муртазоев, Сӯҳроб Сатторов, Абдумалик Ғаффоров, Далер Ғаффоров, Акобир Файзуллозода, Некрӯз Муртазоев, Аъзам Буриев, Сураҷ Каримов, Умед Тағоев, Шавкат Насруллоев, Сиёвуш Назаров, Рашид Саидтабаров, Манучеҳр Замонов, Рустам Муродов, Эркин Мадибоев, Наврӯзҷони Сулаймон, Шодмон Ғаффоров, Абдулло Раҳматов, Сафар Солиев, Комрон Хайруллозода, Сафаралӣ Маҳмадизода, Абубакр Маҳмадов ва Озар Насруллоев ҳастанд.   Инчунин, дар курсҳо панҷ нозири доварон - Икром Мадалиев, Равшан Юсуфҷонов, Дилшод Абдуллоев, Холмурод Зардов ва Олим Норбоев иштирок мекунанд.
Курсҳои байналмилалии доварони футзал дар Тоҷикистон, ки то 10 октябр идома хоҳанд кард, аз дарсҳои назариявӣ ва амалӣ иборатанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив