LIVE

Бо чунинҳо бояд ифтихор намуд

Доварони Тоҷикистон дар Мадина бозии Лигаи шоҳзода Муҳаммад бин Салмон-дивизиони якуми Арабистони Саудиро  хизматрасонӣ карданд. 
Ҳалолашон бод! 
Ватанро ана ин хел бояд мураррифӣ намуд!
Ҳайати доварони Тоҷикистон бозии даври навбатии Лигаи шоҳзода Муҳаммад бин Салмон-двизиони якуми Арабистони Саудиро хизматрасонӣ намуд.
Дар даври нуздаҳуми двизиони якуми Арабистони Саудӣ ҳайати доварони Тоҷикистон бо сардории рефери ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов  бозӣ байни дастаҳои “Уҳуд” (Мадина) ва “Ал-Наҷран”-ро хизматрасонӣ намуд. Бозӣ дар шаҳри Мадина баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом ёфт.
Сайёдҷонро дар ин бозӣ, дар канори майдон ёварони рефери ФИФА – Акмал Буриев аз Турсунзода ва Хусрави Сиддиқзод аз Душанбе кӯмак намуданд. Вазифаи довари захираро Насрулло Кабиров иҷро дошт.
Нуралӣ Хоркашев

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив