LIVE

Кори доварони тоҷик дар Арабистони Саудӣ чигуна ҷараён дорад?

Доварони Тоҷикистон хизматрасонии бозиҳои Лигаи Шоҳзода Муҳаммад бин Салмон - дивизиони якуми Арабистони Саудиро идома медиҳанд. Дар даври навбатии дивизиони якуми Арабистони Саудӣ ҳайати доварон аз Тоҷикистон бо сардории рефери ФИФА Насрулло Кабиров аз Норак бозии марказии даври бистумро байни дастаҳои «Ал-Таи» (Хаил) ва «Ал-Халиҷ» (Сайҳат)-ро хизматрасонӣ намуданд. Бозӣ бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт. Дар ин бозӣ Кабировро дар канори майдон ёварони рефери ФИФА – Акмал Буриев (Турсунзода) ва Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) кӯмак намуданд. Вазифаи довари захираро рефри ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе) иҷро намуд. Ба ғайр аз ин, дар даври бистуми мусобиқа Саёдҷон Зайниддинов бозӣ бо иштироки яке аз дастаҳои пешсафи Лигаи Шоҳзода Муҳаммад бин Салмонро байни дастаҳои «Ал-Ҷабалайн» (Хаил) ва «Наҷран» (Наҷран) доварӣ намуд. Бозӣ бо ҳисоби минималии 1 бар 0 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт. Дар ин бозӣ вазифаи довари чорумро рефери ФИФА Насрулло Кабиров ба зимма дошт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив