LIVE

Расман: Натиҷаи қуръакашии ЛЧ бекор карда шуд

⚠️ Дар қуръакашии Лигаи Чемпионҳо хато шуд. Натиҷаҳо беэътибор гардиданд.

Ба сабади «Атлетико» дохил кардани қуръаи «МЮ»-ро фаромуш кардаанд. Аввал Юнайтед рақиби Вилярреал шуд, тибқи қоида онҳо наметавонистанд бо ҳам вохӯранд. Зеро дастаҳо дар гурӯҳ рақобат карданд. Аз Аршавин хохиш карданд, ки боз як тӯбчаи дигар гирад. Ҳангоми барои "Атлетико" интихоб кардани ҳариф тӯбчаи "МЮ"-ро нагузоштанд. Яъне ҳарифи МЮ бояд дигар даста мешуд.

Дар натиҷа, Андрей "Манчестер" ва "ПСЖ"-ро ба ҳам овард. Аммо мо дуэли нави Месси ва Роналдуро акнун намебинем. Маросим аз нав соати 19:00 ба вақти Душанбе сурат мегирад

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив