LIVE

Депай тарки "Барселона" мекунад

Ҳамлагари "Барселона" Мемфис Депай ояндаи худро дар бошгоҳи каталонӣ намебинад. El Nacional дар ин бора менависад.

Ба иттилои манбаъ, дар сурати зери хатар мондани мавқеаш дар ҳайати асосии «нилунориҳо» футболбози голландӣ дар бораи рафтан ба дастаи дигар фикр мекунад.

Ин бозигари 27-сола барои кор бо Роналд Куман ба "Барса" омад ва пас аз барканор шудани ҳамватанаш, кафолати бозикуниро аз даст дод.

Дар мавсими ҷорӣ Депай 20 бозӣ анҷом дода, 8 гол ва 2 партофти головар кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив