LIVE

Хави:"Де Йонг бозигари калидии "Барса" аст. Ӯро намефурӯшем"

Сармураббии бошгоҳи “Барселона” Хави эҳтимоли рафтани нимҳимоятгар   Френки де Йонгро рад кард. Қаблан хабар дода шуда буд, ки футболбози голландӣ метавонад дар равзанаи гузаришҳои зимистона дастаи испаниро тарк кунад.

«Френки де Йонг дастаро тарк намекунад. Вай ба ҳеҷ куҷо намеравад, мо ӯро бозигари калидии "Барселона" меҳисобем. Клуб барои мустаҳкамкунии ҳайат зимистон кӯшиш мекунад. Агар як бозигари нав биёяд, касе бояд равад",- гуфтааст Хави.

Де Йонги 24-сола дар ин мавсим дар 11 бозии Ла Лигаи Испания як гол ва ду партофти головар анҷом додааст. Шартномаи нимҳимоятгари голландӣ то соли 2026 эътибор дорад. Портали Transfermarkt арзиши бозории де Йонгро 90 миллион евро арзёбӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив