LIVE

“Барселона” бо як қатор бозигаронаш қарордоди нав баст

Дафтари матбуотии “Барселона” пас аз пирӯзӣ дар бозии даври 1-уми Лигаи қаҳрамонҳо бо «Ференварош» (5:1) дар бораи тамдиди шартнома бо чанд бозигари асосии хеш хабар дод, менависад сомонаи расмии клуб.
Клуби каталонӣ дар бораи тамдиди шартнома бо дарвозабони олмонӣ Марк-Андре тер Штеген, ҳимоятгарон Клеман Лангле ва Жерар Пике, инчунин нимҳимоятгар Френки Де Йонг ба мувофиқа расиданд. Пикеи 33-сола шартномаи худро то 20 июни соли 2024 тамдид мекунад ва банди хариди ӯ 500 миллион евроро ташкил медиҳад. Тамдиди шартнома ба шарте имконпазир аст, ки футболбоз дар мавсими солҳои 2021/2022 шумораи муайяни бозиҳоро анҷом диҳад.
Дар навбати худ, Марк-Андре тер Штегеном то 30 июни соли 2025 шартнома баст. Клеман Ланглеи 25 сола то 30-юми июни соли 2026 ва футболбози 23-солаи ҳолландӣ Френки де Йонг  то тобистони соли 2026 қарордоди хешро тамдид кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив