LIVE

Роналду сабаби аз Серияи А рондани "Ювентус" мешавад

Дар футболи Италия ҷанҷол сар зад: дастаи серҷоизатарини Турин дар қаллобии молиявӣ гумонбар мешавад.

Аҳвол "Ювентус" дар Серияи А бад аст. Пас аз 14 бозӣ шогирдони Массимилиано Аллегри 21 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқот дар ҷои ҳафтум қарор доранд. Аз пешсафи ҷадвал- «Наполи» 14 имтиёз кам дорад. Аммо нохушиҳои «туриниҳо» бо ин тамом намешавад. Тайи чанд рӯзи охир расонаҳои маҳаллӣ пур аз сарлавҳаҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷи "Ювентус" аз  Серия А мебошад. Сабаб дар футболи итолиёвӣ ҳамеша як чиз  аст - фасод.

Аз моҳи май инҷониб полис тафтиш мекунад. Тибқи маълумоти оперативӣ, дар мавсимҳои 2018/19 - 2020/21 клуб бо мақсади зиёд кардани даромад ва бозпас гирифтани 50 миллион евро ҳисоботи молиявиро қалбакӣ кардааст. Полис аллакай дар қароргоҳи "Ювентус" кофтуков анҷом дода, ҳуҷҷатҳоро барои ташхис дарёфт кардааст. Маблағи пардохтҳои моҳона аз моҳи март то апрели соли 2020 тафтиш карда мешавад. Он вақт бозигарон тибқи дархости роҳбарият дар замони мушкил барои кам кардани маош розӣ шуда буданд. Пандемия зарари ҷиддии молиявӣ расонд, то тобистон бозӣ набуд ва баъд бе тамошобин баргузор шуд. Даромад ба таври назаррас коҳиш ёфт. Чунин таҷрибаи кам кардани маоши  бозигарон тақрибан дар ҳама лигаҳо маъмул буд.

Аммо тибқи иттилои La Gazzetta dello Sport, туриниҳоро ба он гунаҳгор медонанд, ки дар вақти карантин ба рӯйхат Криштиану Роналдуро ҳисоб накардаанд. «Ювентус» гӯё ба Роналду, ки  тобистони имсол ба «Манчестер Юнайтед» гузашт, пул ҷудо намудааст. Интиқоли Роналду умуман зери тафтиш қарор дорад. Он то ба дараҷае расид, ки ҷузъиёти молиявии муомилот аз сабтҳои суҳбати телефонӣ муайян шуда истодааст.

Роналду соли 2018 бо «Ювентус» шартномаи 4 сола  бо  музди 31 миллион евро дар як мавсим имзо кард. Дар шартнома мукофотпулӣ пеш аз хама барои ичрои индивидуалӣ пешбинӣ карда шудааст. Тафтиши  сӯҳбатҳои телефонӣ муайян сохт, ки гап дар бораи пардохтҳои ҳармоҳа дар замони басташавӣ (карантин), яъне дар моҳҳои март-апрели соли гузашта рафтааст. Дар он давра футболбозони дигар барои карантин маоши кам мегирифтанд.

Роҳбари Ассотсиатсияи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Италия Марко Донзелли мегӯяд, ки "Ювентус" шояд хеле ҷиддӣ ҷазо дода мешавад. Аз он ҷумла аз Серия А хориҷ карда шавад. Илова бар ин, "Ювентус" аз унвони қаҳрамонӣ маҳрум карда мешавад.   (ба мисли гузариш ба Серияи В).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив