LIVE

Президенти нави Премйер Лига интихоб шуд

Хадамоти матбуоти Премйер лигаи Россия хабар медиҳад, ки  Хачатурянтс ба вазифаи президенти лига интихоб шуд. Мутахассиси  53-сола дар ҷаласаи имрӯзаи  Премйер Лига бо овоздиҳии якдилона  интихоб гардид. Мухлати ваколат  5 солро дар бар мегирад.

5 октябр Сергей Прядкин вазифаи президенти лигаро тарк кард, ҳамон рӯз Хачатурянтс иҷрокунандаи вазифаи президент таъйин шуда буд. 

Ёдовар мешавем, ки Хачатурянтс то хол ба ҳайси  сардори кумитаи доварони Иттиҳоди футболи Русия фаъолият мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив