LIVE

Президенти Премйер Лига истеъфо дод

Сергей Прядкин аз мақоми президенти Премйер лигаи  Русия истеъфо дод.

Хабар дода шуд, ки ҳангоми омодагӣ ва баргузории интихоботи нав яке аз роҳбарони клубҳои Премйер Лига Рустам Сайманов (Рубин), Павел Пивоваров (Динамо), Роман Бабаев (ССКА) ё Шамил Газизов ("Уфа") муваққатан вазифаи иҷрокунандаи президенти лигаро ба уҳда мегирад. Ҳамзамон, ба эҳтимоли зиёд номзад ба мақоми президенти нави лига Ашот Хачатурянтс, раиси кумитаи доварони Иттиҳоди футболи Русия (ФФУ) мебошад. Пештар ӯ гуфта буд, ки аз бархе дастаҳо барои роҳбарии ПЛР пешниҳод гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки Прядкин аз соли 2007 роҳбарии  Премйер лигаи Русияро бар ӯҳда дошт. Дар соли 2020, Прядкин барои муҳлати нави панҷсола дигарбора  интихоб шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив