LIVE

Квинси Промес ба сӯиқасд ба ҷони бародарзодааш гунаҳгор шуд

Ҳимоятгари "Спартак" Промес  эхтимол аст,  зиндонӣ шавад, хабар медиҳад De Telegraaf.

Ба навиштаи рӯзнома, додситонии Ҳолланд алайҳи бозигар парвандаи ҷиноӣ кушодааст.  Ӯ дар суиқасд ба ҷон ва корд задани ҷиянаш муттаҳам мешавад.

Худи бозигар, то ҳол метавонад дар Русия бимонад, аммо дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ба ӯ тавсия доданд, ки ба ватанаш баргардад.

Агар Промес ҳангоми мурофиа дар Нидерландия набошад, дар сурати ҳукми зиндон ордери ҳабси аврупоӣ дода мешавад. Он дар ҳама кишварҳои Иттиҳоди Аврупо эътибор дорад.

Ёдовар мешавем, ки сухан дар бораи рӯйдодҳои тобистони соли 2020 меравад. Гумон меравад, ки ҳамлагари «Спартак» дар шабнишинии хусусӣ писари амакашро бо корд задааст. Барои ин ба ӯ то чаҳор соли зиндон таҳдид мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив