LIVE

Кокорин бозигари “Фиорентина” шуд

Ҳамлагари "Спартак" -и Маскав Александр Кокорин ба “Фиорентина” гузариш кард. Клубҳо дар бораи гузариши футболбози мазкур ба мувофиқа расиданд. Маблағи созишнома тақрибан 5 миллион евроро ташкил медиҳад. Клуби футболи Италия ба Александр Кокорин шартнома бо музди меҳнати 1,7 миллион евро пешниҳод кард.  Ҳамлагар бо “Спартак” то тобистони соли 2023 қарордод дошт. Футболбози 29-сола пешниҳоди "Фиорентина"-ро пазируфт ва ба зудӣ ба Италия сафар мекунад. Александр тобистони соли гузашта ба ҳайси агенти озод аз “Зенит” ба “Спартак” гузашт. Дар мавсими ҷорӣ форварди 29-сола дар Премйер Лигаи Русия 8 бозӣ гузаронида, 2 гол задааст (ҳарду аз пеналтӣ).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив