LIVE

Довари серб барои пеналтиҳои нодурусташ зиндон мешавад

Довари футболи серб -  Срджан Обрадович ба фасодкорӣ мутаҳҳам гашта, ба ӯ 15 моҳи зиндонӣ шудан ва 10 сол аз футбол дур будан таҳдид мекунад. Нашрияи хабаррасонии The Sun хабар медиҳад, ки сабаби ин тасмими судӣ, ҳакамии ӯ дар бозии байни дастаҳои “Спартак” (Суботнитса) бо “Роднички” (Ниш) дар соли 2018 мебошад, ки ғолиби ин бозӣ роҳхати Лигаи Аврупоро дарёфт намуд. Дар ҳамон бозӣ Обрадович ду маротиба ба дарвозаи “Роднички” зарбаҳои ёздаҳметраи нодуруст таъин намуд, ки дар натиҷа “Спартак” бо ҳисоби 3-0 ғолиб омад. Баъди се сол, шуъбаи зиддифасоди Суди олии кишвари Сербистон ба ин масъала таваҷҷӯҳ намуда, дар натиҷаи тафтишот хатогиҳои довари бозӣ Срджан Обрадович маълум гардид. Акнун суд ӯро ба 15 моҳи зиндон маҳкум намуда, ба муддати 10 соли дигар аз футбол барканор намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив