LIVE

Роналдинйо аз зиндон озод шуд

Собиқ ниммуҳофизатгари мунтахаби Бразилия – Роналдинйо билохира аз зиндони кишвари Парагвай озод карда шуд. Ба иттилои сарчашмаҳои хабарӣ ҳарчанд  собиқ футболбози маъруф аз пушти панҷара раҳо карда шуд, аммо ҳануз ҳам дар ҳабси хонагӣ қарор дораду яке аз меҳмонхонаҳои ин кишварро макони зисти худ қарор додааст. Роналдинйо як моҳи умри худро  дар зиндон сипарӣ намуд. Роналдинйо ва бародари ӯ Роберто дар фурӯдгоҳи Асунсион бо шиносномаҳои қалбакӣ дастгир гардиданд. 5-уми март прокурори генералии Парагвай барои ҳабси онҳо қарор қабул намуд. Аммо рӯзи дигар футболбози собиқ аз ҳабс озод карда шуд. Вале бо гузораи чанд соат Роналдинйо бо дархости прокурори генералӣ боз дастгир гардид. Баъдтар суди Парагвай қарор баровард, ки ҳабси Роналдинйо ба мӯҳлати 6 моҳ дароз карда шавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив