LIVE

5 голи Роналдинйо дар зиндон

Собиқ ниммуҳофизатгари бошгоҳи «Барселона» ва мунтахаби  Бразилия - Роналдинйо ғолиби мусобиқаи футбол миёни маҳбусон дар Парагвай гардид. Дар ин бора Globo Esporte иттилоъ медиҳад.
Дар бозии ҳалкунанда дастае, ки дар он футболбози дастони бразилӣ бозӣ мекард, бо ҳисоби 11 бар 2 ғалаба намуд. Роналдинйо дар ин рақобат ба задани 5 гол ва 6 партофти головар даст ёфт. 
Дастаи ғолиб ба ҳайси ҷоиза соҳиби 16 кг гӯшт шуд. 
Ёдовар мешавем, ки Роналдинйо ва бародари ӯ Роберто де Ассис Морейра рӯзи 5-уми март дар фурӯдгоҳи Асунсонаи Парагвай бо гумони истифода аз шиносномаҳои қалбакӣ дастгир шуданд. 
Баъд аз як рӯз собиқ футболбози маъруф озод карда шуд, аммо бо гузашти як чанд соат боз дубора дастгир гардид. Додгоҳи ин кишвар ҳукм баровард, ки Роналдинйо бояд шаш моҳи умри худро пушти панҷара сипарӣ намояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив