LIVE

Роналдинйо дар зиндон чӣ ҳол дорад?

Футболбози собиқи тими миллии Парагвай - Нелсон Куевас дар бораи ҳолати нимҳимоятгари собиқи мунтахаби Бразилия - Роналдинйо, ки ҳоло дар зиндон аст, ҳарф зад. “Роналдинйо тамоман ҳолати хуб надорад. Вай ҳамеша бо табассум, энергияи мусбӣ ва тарзи ҳаёт фарқ мекунад. Аммо ҳоло, бо назардошти вазъи кунунии худ, ин табассум чеҳраи ӯро тарк кардааст, зеро вай дар зиндон аст - ҷое, ки ӯ одат накардааст. Роналдинйо ва бародари ӯ Роберто дар фурӯдгоҳи Асунсион бо шиносномаҳои қалбакӣ дастгир гардиданд. 5-уми март прокурори генералии Парагвай барои ҳабси онҳо қарор қабул намуд, аммо рӯзи дигар футболбози собиқ аз ҳабс озод карда шуд. Вале бо гузораи чанд соат, Роналдинйо бо дархости прокурори генералӣ боз дастгир гардид. Баъдтар суди Парагвай қарор баровард, ки ҳабси Роналдинйо ба мӯҳлати 6 моҳ дароз карда шавад. Қаблан дар интернет аввалин акси Роналдинйо дар зиндон пайдо шуда буд. Инчунин иттилоъ дода шуд, ки футболбоз интиқол ба ҳабси хонагиро бо гарав рад кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив