LIVE

Боз як корманди баландмақом тарки «Барселона» намуд

Директори варзишии «Барселона» - Рамон Планес курсии худро тарк кард. Бошгоҳи каталонӣ ва ин мутахассис ба мувофиқа расиданд, ки пеш аз муҳлати шартнома ҳамкории худро қатъ кунанд. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки ӯ метавонист дар мақоми худ боз ду соли дигар кор кунад. 
Рамон Планес яке аз нафарони наздики президенти собиқи бошгоҳи “Барселона” гуфта мешуд ва дар аввал ёрдамчии Эрик Абидал буд. Баъд аз рафтани Абидал мақоми  директори варзишии дастаро ба уҳда дошт. Рамон Планес аз соли 2018 дар сохтори клуб кор мекард ва маҳз як қатор трансферҳо бо ташаббуси ӯ амалӣ шудаанд, ки номуваффақтарин гузаришҳо номида мешавад. Бозигароне ба мисоли Артур, Малком, Боатенг, Нето, Гризманн, Брэйтуэйт, Густаво Майю, Матеус Фернандес бо пофишории ин мутахассиси 54 сола аз ҷониби “Барселона” харидорӣ шудаанд. Дар маҷмуъ ӯ бо фаъолияти бебарори худ ба буҷҷаи дастаи каталонӣ 442 млн евро зарар овардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив