LIVE

Анри сармураббии «Барселона» мешавад

Сармураббии тими футболи амрикоии «Монреал Импэкт» -Терри Анри  имкон дорад, ки фаъолияти мураббигии хешро дар «Барселона» идома бидиҳад. Дар ин бораи хабаргузории Sport.es навиштааст. 
Тавре гуфта мешавад, бошгоҳи каталонӣ, миёни довталбоне, ки дар оянда имкони ишғоли курсии Эрнесто Валвердеро доранд,  исми собиқ футболбози барса Анри  низ мавҷуд аст.  Собиқ ҳамлагари маъруфи фаронсавӣ то ба ҳол бо як қатор футболбозон, аз ҷумла Лионел Месси, Жерар Пике,  Серхио Бускетс ва бо директори техникии бошгоҳ, Эрик Абидал робитаи хуби дӯстӣ  дорад. Нахустини клуби Анри дастаи «Монако» буд, ки мутахассиси 42 сола бо футболбозони клуби фаронсаваӣ робита барқарор карда натавонист ва билохира аз мақомаш барканор карда шуд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив