LIVE

Алишер Ҷалилов капитани мунтахаб шуд

Нимҳимоятгари “Истиқлол”-и Душанбе Алишер Ҷалилов дар бозии дӯстона бо тими миллии Қазоқистон капитани мунтахаби Тоҷикистон таъйин гардид. Давронҷон Эргашев, ҳимоятгари тими “Бунёдкор”-и Тошканд ноиби капитан мешавад.

Барои Алишер Ҷалилови 28-сола вохӯрии дарпешистода бо Қазоқистон ёздаҳумин бо либоси тими миллии кишвар хоҳад буд. Дар даҳ бозии қаблӣ дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Ҷалилов се гол задааст. 

Қобили зикр аст, ки бозии дӯстона миёни мунтахабҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон имрӯздар варзишгоҳи “Остона-Арена”-и Нур-Султон баргузор шуда, соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (18:00 Душанбе) оғоз мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив