LIVE

Тамринҳои мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо яккачини Қазоқистон шуруъ шуд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе омодагии худро ба бозии дӯстона бо тими миллии Қазоқистон, ки рӯзи сешанбеи 16 ноябр дар Нур-Султон баргузор мекунад, оғоз кард. Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Мубин Эргашев барои бозии дӯстонаи дарпешистода 21 бозигарро даъват кардааст. 

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо тими миллии Қазоқистон:
Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду – «Истиқлол»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»);
Дифоъгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбекистон), Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония), Зоир Ҷурабоев («Истиқлол»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА), Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»);
Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов («Борнео», Индонезия), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Муҳаммадҷон Раҳимов («Ордабаси», Қазоқистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷурабоев, Шервонӣ Мабатшоев (ҳама – «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хуҷанд»);
Ҳамлаварон: Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Эсхата»).
Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими миллӣ: Мубин Эргашев

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив