LIVE

Ҳайати мунтахаби кишвар барои бозӣ бо дастаи Қазоқистон эълон шуд

Ба тими миллии Тоҷикистон барои бозии дӯстонаи дарпешистода бо яккачини Қазоқистон, ки 16 ноябр дар шаҳри Нур-Султон баргузор мешавад, даҳ бозингари дастаҳои хориҷа (легионерон) даъват шуданд.
Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон Мубин Эргашев 21 бозигар, аз ҷумла даҳ легионерро аз бошгоҳҳои Ӯзбекистон, Эстония, Эрон, Булғористон, Қазоқистон, Индонезия, Беларус ва Малайзия  ба даста даъват кардааст.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 11 ноябр дар Душанбе омодагиро ба бозии дӯстона бо тими миллии Қазоқистон оғоз мекунад.
Қобили зикр аст, ки бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Қазоқистон ва Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 16 ноябр дар варзишгоҳи “Остона-Арена”-и Нур-Султон соати 19:00 оғоз мешавад.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо тими миллии Қазоқистон:
Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду – «Истиқлол»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»);
Дифоъгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбекистон), Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония), Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров (ҳарду – «Персеполис», Эрон), Зоир Ҷурабоев («Истиқлол»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА);
Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов («Борнео», Индонезия), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Муҳаммаҷон Раҳимов («Ордабаси», Қазоқистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷурабоев, Шервони Мабатшоев (ҳама – «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хуҷанд»);
Ҳамлаварон: Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Эсхата»).
Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими миллӣ: Мубин Эргашев

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив