LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон бо яккачини Қазоқистон бозӣ мекунад

Федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Қазоқистон барои баргузории бозии дӯстона байни тимҳои миллии ду кишвар ба мувофиқа расиданд. Вохӯрии мазкур 16 ноябр дар варзишгоҳи "Остона-Арена"-и шаҳри Нур-Султон соати 18:00 баргузор мешавад.
Қаблан дар сатҳи тимҳои миллӣ дастаҳои Тоҷикистону Қазоқистон чаҳор маротиба бо ҳам вохӯрдаанд - футболбозони Қазоқистон се маротиба пирӯз шуданд ва танҳо як бозӣ мусовӣ анҷом ёфт. 

Таърихи вохӯриҳо байни дастаҳои мунтахаби Қазоқистон ва Тоҷикистон
Мусобиқаи байналмилалӣ
ТОҶИКИСТОН – Қазоқистон – 0:1
11 апрели соли1994 , Тошканд.

Бозии дӯстона
Қазоқистон – ТОҶИКИСТОН – 4:1
Голи Тоҷикистон: Комил Саидов.
2 июли соли 2006 , Алмато. 

Бозии дӯстона
Қазоқистон – ТОҶИКИСТОН – 1:1
Голи Тоҷикистон: Комил Саидов.
8 сентябри соли 2007, Алмато.

Бозии дӯстона
Қазоқистон – ТОҶИКИСТОН – 2:1
Голи Тоҷикистон: Фарҳод Тоҳиров.
12 августи соли 2014 , Алмато.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив