LIVE

Ваҳдат Ҳанонов ва Манучеҳр Сафаров бо Қазоқистон бозӣ намекунанд

Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Қазоқистон ва Тоҷикистон рӯзи 16 ноябр соати 19:00 дар варзишгоҳи «Остона-Арена»-и шаҳри Нур-Султон баргузор мешавад. Қаблан иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Мубин Эргашев ба ҳайат 10 легионер даъват карда буд. Вале дар хайат   тағйирот ба амал омад. Ҳимоятгарон Ваҳдат Ҳанонов ва Манучеҳр Сафаров, ки дар бошгоҳи “Персеполис”-и Эрон ҳастанд, дар бозӣ бо Қазоқистон иштирок карда наметавонанд. Ба ҷойи онҳо Наимҷон Иброҳимзода (Хуҷанд) ва Ҳусейн Нурматов (Истаравшан) даъват шуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив