LIVE

"Истиқлол" низ рафтани ду бозигари худро тасдиқ кард

Бошгоҳи “Персеполис”-и Эрон бо ду бозикуни тоҷик ба тавофуқ расидааст. Дар ин замина дастаи "Истиқлол"-и Душанбе низ рафтани ду бозигари ҳайати асосиашро ба бошгоҳи шаҳри Теҳрон тасдиқ кард.  
“Персеполис” бо Ваҳдат Ҳанонов ва Манучеҳр Сафаров ду бозикуни тими “Истиқлол” ва тими миллии Тоҷикистон шартнома хоҳад баст ва ин бозикунон барои имзои қарордод вориди Теҳрон хоҳанд шуд. Ваҳдат Ҳанонов ҳимоятгари 21 солаи тими “Истиқлол”- Тоҷикистон. 
Манучеҳр Сафаров бозингари 20 солае аст, ки ддар бозиҳои гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар ҳайати “Истиқлол”-и Тоҷикистонхуб ҷилои ҳунар намуда буд. Гуфта мешавад, ки рӯзҳои наздик боз як футболбози тоҷик "Истиқлол"-ро тарк намуда, ба хориҷ меравад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив