LIVE

Бозингарони "Истиқлол" ба "Персеполис" мераванд

Махсус: Тавофуқи "Персеполис" бо ду бозикуни хориҷӣ

Бошгоҳи “Персеполис”-и Эрон бо ду бозикуни тоҷик ба тавофуқ расидааст ва эҳтимолан ба зуддӣ қарордоди ниҳоиро имзо хоҳанд кард.

Ба гузориши сомонаи эронии “Varzesh3”, бошгоҳи “Персеполис” бо Ваҳдат Ҳанонов ва Манучеҳр Сафаров ду бозикуни тими “Истиқлол”-и Тоҷикистон ба тавофуқ расид ва онҳо барои имзои қарордод вориди Теҳрон хоҳанд шуд. Ваҳдат Ҳанонов ҳимоятгари 21 солаи тими “Истиқлол”- Тоҷикистон аст, ки чанде пеш дар ҳайати тими ҷавонони зери 23 солаи Тоҷикистон низ муқобили мунтахаби Эрон қарор гирифт ва пероҳанҳои тими “Истиқлол” муқобили “Персеполис” низ вориди майдон шуда, ҳунарнамоии зебое нишон дод.

Манучеҳр Сафаров бозингари 20 солае аст, ки дар схемаи 3-5-2-и “Истиқлол”-и Тоҷикистон ба унвони ҳимоятгари канорӣ ҳунарнамоӣ мекунад.   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив