LIVE

Varzesh3: "Дифои фишурдаи тоҷикҳо балои ҷони "Персеполис" шуд"

Бар замми ғалабаро ба даст овардани дастаи “Персеполис” дар бозӣ муқобили “Истиқлол” коршиносони футболи Эрон аз нуқоти заъфи “Персеполис” ва аз ғайрату қудрати “Истиқлол” сухан мегӯянд. Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон бузургтарин шигифтисоз дар даври гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё медонанд. Дар бозии охироне, ки “Персеполис” муқобили “Ал-Ҳилол” бозӣ кардааст, бо ҳисоби 4:0 мағлуб шудааст ва дар ин вохӯрӣ дар ҳайати "Ал Ҳилол"  6 бозигаре, ки муқобили “Истиқлол”  бозӣ кардаанд, дар ҳайати асосӣ ба майдон баромада буданд. Муқобили “Истиқлол”-и Тоҷикистон на танҳо он 6 нафари муқобили дастаи эронӣ бозӣ карда буданд, чанд тан аз легионерҳои бомаҳорат, аз ҷумла собиқ бозигари мунтахаби Фаронса Бафетимби Гомис ва бозигари аргентинӣ Виетто, ки дар дастаҳои испанӣ ба монанди "Вилярреал", "Атлетико Мадрид", "Севиля", "Валенсия", "Фул Хэм" (Англия), "Спортинг" (Португалия) рақобат  намуда, дар муқобили шерони “Истиқлол” аз дасташон ягон чиз наомад.

Муттахассисони эронӣ мегӯянд, ки “Истиқлол” бо услуби 5-3-2 бозии фишурдае ҳангоми дифоъ дошт ва ҳам аз ҷиҳати арзиву тӯлӣ фишурдагиашон олӣ буд. Коршиносон баъди аз тим рафтани Аҳмад Нуруллоҳӣ, Шаҳриёр Муғонлу, Ҳусейн Канъонӣ ва Ансорӣ Муҳаммад ба дастаашон кам бовар доранд. Чунки дар бозӣ муқобили “Истиқлол” нуқтаҳои заифи зиёд доштанд.

“Дифои фавқулода, фишурда ва рақобати беамони тоҷикҳо балои ҷони “Персеполис” шуд”, - менависад VARZESH3.   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив