LIVE

Рамос бо Месси дар ПСЖ ҳанӯз дӯст нашудааст

Бозингарони "ПСЖ" Лионел Месси ва Серхио Рамос муносибатҳои муташанниҷ доранд. 

Дар расонаҳои испанӣ гуфта мешавад, ки Рамос ба зудӣ бо бисёре аз бозигарони тими Париж робита барқарор кард, аммо ӯ натавонист бо Месси муносибаташро хуб кунад. Рамос аз соли 2005 то 2021 дар "Реал Мадрид" бозӣ кардааст ва Месси аз соли 2003 то 2021 дар ҳайати "Барселона" ҳунарнамоӣ намудааст.

10 август Месси бо ПСЖ шартномаи дусола ба имзо расонд. Серхио Рамос моҳи июли соли 2021 ба ПСЖ гузашт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив