LIVE

КФО ба ФФТ миннатдорӣ баён кард

Конфедератсияи футболи Осиё ба Федератсияи футболи Тоҷикистон ва кумитаи тадорукоти маҳаллӣ барои ташкили бомуваффақияти мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби то 23-сола дар гурӯҳҳои “В” ва “G” изҳори сипос кард.

Дар номаи расмии дабири кулли Конфедератсияи футболи Осиё Дато Виндзор Ҷон, ки ба унвони дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов ирсол шудааст, аз ҷумла омадааст:

«Мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистонро, ки ба яке аз чаҳор дастаи беҳтарини мусобиқот дохил шуда, дар марҳилаи интихобӣ мақоми дуюмро ишғол намуд ва ба  финалии Ҷоми Осиё-2022 баромад,  табрик мегӯем. Мо ба Федератсияи футболи Тоҷикистон ва кумитаи тадорукоти маҳаллӣ барои ташкили бомуваффақияти мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳҳои «В» ва «Г» изҳори сипос мекунем.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-23) дар тамоми бозиҳои сабқати интихобӣ азму ирода ва фидокории худро нишон дод, ки дар натиҷа соҳиби роҳхат шуд. Муваффақияти шумо ҳамчун мизбон бешубҳа аз фидокорӣ, заҳмат ва талошҳои бемисли ФФТ дарак медиҳад. 
Мо ба кумитаи тадорукот барои меҳмоннавозии самимӣ ба ҳайати КФО ва дастаҳои ширкаткунанда,  барои чораҳои андешидашуда ҷиҳати таъмини саломатӣ ва некӯаҳволии иштирокчиён дар тӯли мусобиқа изҳори сипос мекунем.

Бори дигар шуморо муборакбод гуфта,   интизори вохӯрӣ бо дастаи шумо дар Ӯзбекистон дар моҳи июни соли 2022 мебошем”.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив