LIVE

Комиссари финали Лигаи чемпионҳои АФК аз Тоҷикистон интихоб шуд

Дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов комиссари бозии финалии Лигаи қаҳрамонҳои 2021 таъйин шуд. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад. Дар финал дастаҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) ва «Пхохан Стилерс» (Кореяи Ҷанубӣ) санаи 23-юми ноябр дар Варзишгоҳи байналмилалии шоҳ Фаҳди шаҳри Риёз ба ҳам меояд.
Илова бар ин, Давлатманд Исломов ба ҳайси комиссари бозии даври севвуми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳони-2022 дар гурӯҳи «А» миёни дастаҳои мунтахаби Ироқу Сурия, ки фардо санаи 11 ноябр баргузор мешавад, даъват шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив