LIVE

Ғалабаи "Равшан" бар "Файзканд"

Бозии дастаҳои "Равшан"-и Кӯлоб ва "Файзканд"-и ноҳияи Восеъ баргузор шуд. Нахустин шуда дастаи "Равшан" ба кушодани ҳисоб даст ёфт. Дар даққиқаи 26-уми бозӣ ҳамлавари дастаи "Равшан" - Муҳаммадшарифи Саидхоҷа голзанӣ намуд. Дар даққиқаҳои охири бозӣ бошад, меҳмонон тавонистанд, ки ҳисоби бозиро баробар намоянд. Голи дастаи Файзкандро бошад, дар даққиқаи 43-юми бозӣ Анвар Муродов ба тури дарвозаи соҳибони майдон ворид намуд. Қисмати аввали бозии дастаҳои "Равшан" ва "Файзканд" мусовӣ 1 бар 1 ба анҷом расид. Ниҳоят дар даққиқаи 88-уми дидор ҳамлавари африқотабори "Равшан" - Кингслий Осей голи ғалабаовари дастаро вориди тӯри дарвозаи рақиб намуд. Ҳамин тариқ дидори дастаҳо бо ҳисоби 2 бар 1 бар нафъи "Равшан" ба анҷом расид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив