LIVE

Аввалин тамрини "Равшан" баъд аз таътил

Баъд аз танаффуси наздик ба як моҳа тимҳои футбол дигарбора ба тамрин баргашта ба даври навбатии Чемпионтаи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ тайёрӣ мебинанд. Дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб дар даври 24-уми Чемпионат дар дербии минтақаи Кӯлоб бо дастаи “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ андари майдони рақобат мешавад. Бояд гуфт, ки дастаи “Равшан” то ин замон дар бозиҳои расмӣ дар баробари дастаи “Файзканд” боре ҳам шаҳди пирӯзӣ начашидааст. Замони дар Лигаи якум майдондорӣ намудан дастаи “Равшан” аз дастаи “Файзканд” ду маротиба мағлуб ва дар соли ҷорӣ бошад, ду бозиро мусовӣ анҷом додааст. Барои бозии навбатӣ, шогирдони Наҷмуддин Толибов бо ҳайати пурра ба тамрин машғул буда, мақсад доранд, ки аз ин бозӣ се имтиёз ба даст оваранд.
Ёдрас мешавем, ки бозии дастаҳои “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб ва “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ санаи 4-уми ноябр соати 14:30 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив