LIVE

Varzesh3: "Меҳдӣ Маҳдавакия: Муқобили Тоҷикистон бозӣ кардан осон набуд!"


Бо таваҷҷуҳ ба ҳама мушкилоте, ки буд хушбахтона ба ин мусобиқот рафтем ва ман фикр мекунам, ки мо бозӣ ба бозӣ беҳтар шудем. Бачаҳоямон бозии беҳтаре анҷом доданд. Новобаста аз  он ки хелеҳо барои аввалин бор буд  дар канори ҳам бозӣ мекарданд. Роҳи зиёде дорем, ки бо ҳамоҳангии беҳтаре бирасем, аммо хушҳолам, ки тавонистем бо 9 имтиёз аз гурӯҳ бароем. Коре соддае набуд ва тими Тоҷикистон тими хубе буд, солҳо дар канори ҳам бозӣ карда буданд ва тими ҳамоҳанге буданд.

Сармураббии тими олимпӣ дар бораи сатҳи фаннии тими Тоҷикистон ва дидор бо ин тим гуфт: “Ба назари ман хеле бозии хубе буд, ҳамон тавре ки қабл аз бозӣ гуфта будам. Ҳар ду тим тавоноии хубе доштанд, аммо мо бояд бозиро мебуридем, то битавонем  садринишини  гурӯҳ шавем. Тими Тоҷикистон мизбон буд, дар ҳузури тамошогаронаш бозӣ мекард ва дар ин замин солҳост, ки ҳунарнамоӣ карда,  одат намудааст. Аз наврасиашон  канори ҳам буданд ва пояи тими ҳамон  “Истиқлол”-и Тоҷикистон аст”.

Вай афзуд: “Тақрибан мешавад, гуфт, ки тими бузургсолони Тоҷикистон ҳам бо изофа шудани чанд бозингар аз ҳамин бозикунон тими ҷавононашон шакл медиҳанд. Тими ҳамоҳанге буд, аммо хушбахтона бачаҳои мо хеле хуб кор карданд ва дар ҳамон нимаи аввал тавонистем се гол бизанем ва дар нимаи дуввум ҳам хеле хуб бозиро мудирият кардем. Агар диққат мекардем ду-се мавқеияти голзании дигар ҳам доштем, аммо дар ниҳоят хеле хуб шуд, ки мо тавонистем бо 9 имтиёз аз гурӯҳ сууд кунем”.

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон охирон бозии худро дар доираи бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ОСиё-2022 бо миллипӯшони Эрон доир намуд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби 3:2 ба нафъи ҷавонони Эрон ба анҷом расид. Мухлисон дар ин бозӣ шоҳиди ҳунарнамоии хуби ҷавонони тоҷик гардиданд. Ҳисоби бозиро аввалин шуда ҷавонони тоҷик боз намуданд. Дар дақиқаи 10-уми вохӯрӣ Ислом Зоиров баъди қабули хуби тӯб ба кунҷи поёнии дарвоза ворид кард. Аммо пас аз ду дақиқа баъди иштибоҳи Эмомалии Аҳмадхон довар дар наздикии ҷаримагоҳ қоидавайронкуниро ба қайд гирифт. Зарбаи ҷаримавиро сарбони тими олимпии Эрон Ёсин Салмонӣ ба гол табдил дод. Дар дақиқаи 19-уми вохӯрӣ баъди иштибоҳи ҳимяотгарон Ёсин Салмонӣ голи дуюми худро ба ҳадаф расонида, мунтахаби худро ба пеш баровард. 3 дақиқа баъд ҳимяотгари тими олимпии Эрон Юнус Акбарпур қоидаи бозиро дар дохили ҷаримагоҳ бар муқобили Эҳсони Панҷшанбе вайрон намуд ва довар ба дарвозаи ҷавонони Эрон пеналти таъйин кард. Дар задани пеналти худи Эҳсони Панҷшанбе муваффақ гардид. Ҳисоб 2:2 шуд. То ба танаффус баромадан миллипӯшони ҷавони Эрон баъди бозигузории тӯб аз зарбаи кунҷӣ тӯбро ба Ёсин Салмонӣ равон намуданд, ки Ёсин бо сар вориди дарвозаи Шоҳрух Қирғизбоев намуд. Сарбони тими олимпии Эрон Ёсин Салмонӣ муаллифи хет-трик гардид. Қисми аввал бо ҳамин ҳисоб ба анҷом расид. Дар қисми дуюм ҷавонини тоҷик ҳамлаҳои пайдарпай менамуданд, мунтахаби олимпии Эрон бошад фақат дар хатти дифоъ буд. Дар дақиқаи 57-ум Эҳсони Панҷшанбе метавонист аз зарбаи ҷаримавӣ ҳисобро баробар кунад, аммо зарбаи задаи каме дуртар аз дарвоза берун шуд. Дар дақиаи 71-ум мунтахаби олимпии Эрон имкон дошт, бартариашро бештар кунад аммо Ваҳдат Ҳанонв аз руи хати дарвоза тӯбро зада, дур кард. Дар дақиқаи 76-ум Рустам Соиров метавонист ҳисоби бозиро мусовӣ кунад. Аммо ҳимоятгар монеи ворид шудани тӯб ба дарвоза гардид. муҳаммадлӣ Азизбоев низ дар дақиқаи 77-ум имкон дошт, ки бо усули зебои ба истилоҳ қайчӣ муаллифи гол шавад, аммо дарвозабон бо мушкилӣ зарбаи ӯро рафъ кард. Дар дақиқаи 86-ум нимҳимоятгар Ориё Барзагар, ки худ дар қисми дуюм ба майдон омада, буд, баъди қоидавайронкунии дағал муқобили Ваҳдат Ҳанонов бо корти сурх ҷазо дода шуд. Ҳамин тавр ҷавонони тоҷик то дақиқаҳои охир ҳамла намуданд, аммо хати дифоъи Эрон бартарӣ нишон дод. Ҳамин тавр бозӣ бо ҳисоби 3:2 ба анҷом расид. Мунтахаби олимпии мо баъди ду ғалаба дар гуруҳ мақоми дуюмро моли худ кардааст. 

НР

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив