LIVE

Лионел Месси: "Барса" аз ман талаб накардааст, ки ройгон бозӣ кунам

Ҳамлагари «Пари Сен-Жермен» Лионел Месси гуфтаас, ки роҳбарияти «Барселона» аз ӯ хоҳиш накардаанд, ки дар ройгон бозӣ кунад.
«Ҳақиқат ин аст, ки ман тамоми кори аз дастам меомадаро мекардам, то дар даста бимонам, аммо ҳеҷ гоҳ аз ман талаб накарданд, ки ройгон бозӣ кунам. Аз ман хохиш карданд, ки маошамро панчох фоиз кам кунам, дар омади гап, бе ягон мушкилй ин корро кардам. Мо омода будем, ки ба клуб бештар кумак кунем. Орзуи оилаи ман дар “Барселона” мондан буд. Касе аз ман талаб накард, ки бепул бозӣ кунам, аммо дар баробари ин ба назарам ҳарфҳое, ки президент гуфта буд, номуносиб буданд. Ман намедонам, ки шартномаи ман бо ПСЖ кай ба охир мерасад, аммо аниқ медонам, ки мо ба “Барселона” бармегардем ва дар он ҷо зиндагӣ мекунем. Ин ҳамон чизест, ки зани ман ва худи ман мехоҳем, иқтибос меорад Sport.es аз Месси.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив