LIVE

Месси ройгон низ дар “Барселона” бозӣ карда наметавонад

Мо мефаҳмонем, ки чӣ тавр он рӯй дод.
Саволҳои асосии рӯзҳои охир инҳоянд: чаро Месси дар “Барса” намонд ва чӣ гуна “ПСЖ” метавонад онро ба даст орад. Мо ба ҳарду ҷавоб медиҳем.
Месси умуман дар “Барса” мондан наметавонист?
Ҳозир, умуман имкони бозӣ дар “Барса”-ро надорад. Умуман шонс надорад. Ҳатто ройгон (ва дар омади гап, соли 2010 ӯ гуфта буд, ки омода аст бе маош футбол бозӣ кунад!).
"Мо дар ҳақиқат бо “Барселона” ҳеҷ мушкиле надоштем. Ман ва клуб тамоми паҳлуҳои шартномаро матраҳ сохтем. Ҳамдигарнофаҳмӣ байни мо набуд, иқрор шудааст Месси дар нишасти матбуотӣ. Ман маошамро 50%кам кардам ва онҳо чизи дигаре талаб накарданд. Овозаҳо дар бораи он, ки баъд аз ин аз ман хоҳиш карданд, ки боз 30% маошамро диҳам, дурӯғ аст. Ин набуд, дуруст нест. Ман боварӣ доштам, ки дар “Барса” мемонам. Аммо маълум шуд, ки ин бинобар қоидаҳои Ла Лига имконнопазир аст. Мо ҳар кори аз дастамон меомадаро кардем, аммо ман мондан наметавонистам. Вақте ки аз ин хабардор шудам, ҳис кардам, ки гӯё як сатил оби ях бар ман рехта бошанд. Ман то ҳол кӯшиш мекунам, ки ба тақдир тан диҳам".
Тибқи қоидаҳои Ла Лига, ҳадди ниҳоии хароҷот барои як даста вуҷуд дорад, ки мувофиқи ҳисоботи молиявии клуб муайян карда мешавад. Табиист, ки ин аз даромад ва хароҷот вобастагӣ дорад, аз ин рӯ дар мавсими гузашта, вақте ки футбол аз коронавирус сахт осеб дид, бари “Барселона” ду баробар кам шуда, ба 347 миллион евро расид ва дар ин мавсим, тибқи гузоришҳои расонаҳои испанӣ, тақрибан ба 200 миллион евро фурӯ рафт. Дар айни замон, бояд ба назар гирифт, ки на бештар аз 70% даромад бояд барои маош сарф шавад ва ҳатто бе Месси, “Барса” 95% мегирад. Агар ӯ ройгон бозӣ мекард, сабти ном шуданаш имконнопазир буд - Ла Лига гузашт накардааст ва барои клуб истисно намекунад. Дар айни замон “Барса” ба кам кардани маоши футболбозони ситора шурӯъ накард ва ҳатто аз фурӯш хеле кам даромад ба даст овард - 20 миллион евро. Аз ин рӯ, ҳоло “Барселона” ба ҳеҷ ваҷҳ наҷот намедод, ҳатто агар ӯ ройгон бозӣ мекард.
Чӣ тавр «ПСЖ» метавонад бо Месси шартнома бандаду “Барса” не? 
Шояд  қоидаҳои фэйр-плей УЕФА дар ин мавсим содда карда шуданд. Ва Андреа Траверсо, директори УЕФА оид ба тадқиқот ва суботи молиявӣ, моҳи март иқрор кард, ки қоидаҳо бояд тағйир дода шаванд.
"Пандемия бӯҳронро ба вуҷуд овард ва ба иқтисодиёти клубҳо таъсири калон расонд" гуфт ӯ. Ин мушкилест, ки аз ҳама чизҳое, ки мо қаблан дучор шуда будем, хеле фарқ мекунад. Равшан аст, ки дар чунин вазъият клубҳо ба вазъияти душвор дучор мешаванд: иҷрои уҳдадориҳояшон душвор аст.
Эҳтимол меравад, ки  маоши Месси аз он чизе, ки “Барселона” ба ӯ додааст, хеле камтар хоҳад буд. То ба ҳол, маълумот гуногун аст, аммо маблағи тахминиро метавон пешниҳод кард: тибқи маълумоти The Athletic, Лео ба маблағи 25 миллион евро бонус ва ҳамон маоши солона дода мешавад, L'Equipe дар як сол тақрибан 40 миллион евро менависанд. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки Месси дар “Барса” 50 млн маош дошт. 
Масъалаи дигар им сол “ПСЖ” қарзи Неймарро барои гузаришаш аз “Барса” пурра пардохт хоҳад кард.  Парижиҳо ҳар сол 44,4 миллион евро пардохт мекарданд, ҳамин чиз ба Мбаппе низ дахл дорад - онҳо барои гузариши ӯ соле 35 миллион евро пардохт мекарданд. Бале, ин хароҷот дар ин мавсим ба назар гирифта мешаванд, аммо соли оянда бошгоҳи парижӣ барои гузариши ин ду ҳамлагари худ қарздор намешавад ва ин кори датсаро дар мавриди даъвати Месси осон кард. Бар зами ин “ПСЖ” тибқи гузоришҳои расонаҳо, нақша дорад, ки бозигаронро ба маблағи 180 миллион евро фурӯшад ва дар феҳрист фурӯши Мбаппе дохил намешавад. Агар бо ин миқдор маблағ дар бозори трансферӣ фаъолии худро нишон диҳад, пас он вақт қоидаи фэйр-плей УЕФА-ро вайрон намекунад. 
Ҳамзамон назар ба “Басрелона” “ПСЖ” аз лиҳози маркетинг низ пешсафии худро нишон дод, даромади парижиҳо бештар аст. Клуб ҳатто аз ҳисоби фурӯши пероҳани Месси даромади хуб ба даст меорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив