LIVE

Мавлуди нобиғаи футбол муборак!

Диего Армандо Марадона 

(30 октябри 1960, Ланус — 25 ноябри 2020, Дике Лужан) — футболбози аргентинӣ, нимҳимоятгар. Вай дар дастаҳои “Аргентинос Хуниорс”, “Бока Хуниорс”, “Барселона”, “Наполи”, “Севиля” ва “Нюэллс Олд Бойз” ва тими миллии Аргентина бозӣ кардааст. Чемпиони ҷаҳон 1986, ноиб қаҳрамони ҷаҳон 1990. 1979 чемпиони чахон байни чавонон. Беҳтарин бозигари Ҷоми ҷаҳонии соли 1986. Футболбози беҳтарини Амрикои Ҷанубӣ 1979 ва 1980. Ду маротиба узви дастаи рамзии чемпионати ҷаҳон. Қаҳрамони Аргентина дар бошгоҳи “Бока Хуниорс”. Беҳтарин футболбози асри 20 тавассути овоздиҳӣ дар сомонаи расмии ФИФА, ки дар он 53,6% овозҳоро ба даст овардааст. 


Дар умум як нобиғаи такрорнашавандаи футбол имрӯз мавлуд дорад. 61-умин солгарди Марадонаи бузургро ба ҳамаи дӯстдорони футбол ва махсусан роғибони ҳунари волои ин футболбоз таҳният мегӯем. 


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив