LIVE

Сармураббии муваққатии "Барселона" эълон шуд

Сомонаи расмии бошгоҳи «Барселона» эълон кард, ки Серхи Бархуан - мураббии феълии тими дуюми бошгоҳ, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими асосии "Барселона" таъйин шуд. Бархуан пас аз барканории Роналд Куман муваққатан "Барселона"-ро бар уҳда гирифт. Қаблан хабар дода шуда буд, ки бошгоҳи каталонӣ ба ин мақом фаъолона мутахассиси нав ҷустуҷӯ дорад. Қайд карда шуд, ки нилунориҳо  бо нобиғаи  бошгоҳ Хави, ки ҳоло он "Ал-Садд"-ро роҳбарӣ мекунад, ба мувофиқа расидаанд.
Президенти "Барселона" Жоан Лапорта дирӯз пеш аз оғози тамринот дар пойгоҳи бошгоҳ Бархуанро расман ба ҳайати даста муаррифӣ кард.
«Барселона» бо 15 имтиёз дар 10 даври рақобатҳо дар мақоми 9-уми ҷадвали Ла лига ҷой гирифтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив