Дар доираи бозиҳои даври 10-уми Ла Лигаи Испания 2 дастаи соҳибном "Барселона" ва " Реал Мадрид" бо ҳам рақобат намуданд. Дар ин вохӯрӣ, ки бо номи "эл класико" машҳур аст, "Реал" тавонист пирӯзӣ ба даст орад. Ҳисобро дар дақиқаи 32- юм Давид Алаба боз намуд. Дар дақиқаи сеюми иловагии рақобат Лукас Васкес бартарии тимашро дучанд сохт. Бо гузашти 4 дақиқа Серхио Агуэро ба як голи ҳарифон ҷавоб гуфт. Бо ҳисоби 2:1 рақобат ба фоидаи "Реал" ба анҷом расид.