LIVE

Инъикоси Эл-Класико дар Кохи Суруш

Рақобат байни дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Барселона” на танҳо дар Испания, балки дар тамоми ҷаҳон бозии марказӣ ба ҳисоб меравад. Эл-Класико ин бозие мебошад, ки тамоми мардуми сайёраро ба сӯи худ мекашад. Санаи 2-юми март дар дили шаб бузургтарин бозии сайёра байни дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Барселона” баргузор гардид. Мухлисону ҳаводорони Эл-Класико  дар Тоҷикистон онро якҷо хушу хотирмон дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе тамошо карданд. Дар ҳамоиш дар баробари масъулин ҳамчунин намояндаи Ла Лига дар кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қайс Раҳмонӣ ширкат намуд. Ғолибону мухлисони фаъол имкон ёфтанд, то аз дастаи Қайс Раҳмонӣ соҳиби пироҳанҳои расмии “Реал” ва “Барселона” ва ҳамчунин тӯҳфаҳои таъсисдодаи шарикон гарданд. Пас аз қисмати фароғатӣ ҳама бо табъи болида ба тамошои бозӣ пардохтанд. Вале баъд аз рақобат мухлисони “Балселона” бо сари хам толорро тарк намуданд. Зеро дастаи дӯстдоштаи онҳо бо ҳисоби 2 бар 0 шикаст хӯрд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив