LIVE

“Арсенал” бо Мессии чорсола шартнома баст

“Арсенал”-и Лондон Зайн Алӣ Салмонии чорсоларо ба Академияи худ даъват кард. Зейн хурдсолтарин футболбоз дар мактаби омодагии бошгоҳои англисӣ маҳсуб мешавад ва бо тахаллуси Мессии хурдакак маъруф шудааст.  Ин кӯдак ҳанӯз ба боғча меравад, аммо дар футбол бо наврасони аз худ ду баробар калон бозӣ мекунад. Пештар, ин навраси соҳибистеъдод дар Академияи футболи First Touch таҳсил мекард. Тренери Академия Остин Шофилд гуфтааст, ки Алӣ Салман бо кӯдакони калонсол- бозӣ кардааст. Ва дар ҳама комбинатсияҳо вай аз дигарон беҳтар буд. "Дар тӯбдорӣ, назорати тӯб ва пасҳо нисбат ба ҳамсолони худ хеле беҳтар буд. Скаутҳои “Арсенал” ба ӯ таваҷҷуҳ карданд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив