LIVE

"Барселона" президенти собиқи худро ба суд медиҳад

Роҳбарияти "Барселона" зери роҳбалади Жоан Лапорта ба хулосае омад, ки президенти собиқи клуб Хосеп Бартомеуро ба додгоҳ бикашад.  Дар ин бора Marca хабар медиҳад. 
«Ман барои даъво кардан сабабҳои зиёд дорам. Агар мо дарк кунем, ки нишонаҳои ҷиноят вуҷуд доранд, мо зуд чораҳои дахлдор меандешем. Бо вуҷуди ин, мо ин корро танҳо дар сурате анҷом медиҳем, агар кафолати пурра дошта бошем, ки дар суд пирӯз хоҳем шуд "гуфтааст худи Лапорта.
Лапорта қаблан зимни бастани шартномаи нав бо Педри, Бартомеуро ҳамчун марди дилмондаву ноуҳдабаро тасвир карда буд.
Бартомеу тирамоҳи соли гузашта аз “Барселона” барканор шуд. Пас аз натиҷаҳои бади даста ва капитани даста Лионел Месси аз клуб рафтан, мухлисон Бартомеуро танқид карда буданд. Дар моҳи март, Бартомеу пас аз тафтиши дафтари “Барселона” дар робита ба фаъолияти клуб боздошт шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив