LIVE

Жоан Лапорта дар бораи ояндаи Месси ҳарф зад

Адвокати 58-солаи испанӣ - Жоан Лапорта, ки дубора президенти “Барселона” -и Каталония интихоб шудааст, назари худро дар бораи ояндаи Лионел Мессии аргентинӣ дар ҳайати “нилунориҳо” нақл кард.

«Ман ба Лионел Месси занг мезанам. Оё  метавонам Леоро бовар кунонам, ки дар даста боқӣ монад? Ин аз ӯ вобаста хоҳад буд, ман ҳама кори аз дастам меомадагиро мекунам ва дар доираи имкониятҳои иқтисодии бошгоҳ Леоро дар «Барса» нигоҳ медорам», —мегуяд Жоан Лапорта.

Ёдовар мешавем, ки қарордоди Месси бо «Барселона» 30 июни имсол ба поён мерасад. Дар мавсими ҷорӣ ҳамлагари 33-сола дар 34 дидор вориди майдон шуда, 24 гол ва 11 партофти головар анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив