LIVE

Дар бозии "Тоттенхэм"-"Нюкасл" чӣ воқеа рух дод?

Ҳангоми бозии  Премйер Лигаи Англия байни "Тоттенхэм" ва "Нюкасл" ҳимоятгари лондониҳо Серхио Регилон ба довар Андре Марринер гуфт, ки яке аз мухлисон худро бад ҳис мекунад.
Довар вохӯриро манъ кард ва ҳимоятгари "Тоттенхэм" Эрик Дайер ҳайати тиббиро даъват намуда, фавран  муроҷиат кард, то ба ёрӣ шитобанд. Танаффус то поёни вақти асосии нимаи аввал ва ҳафт дақиқаи дигар идома ёфт. Тавре ки рӯзноманигор   Мигел Дэлайни дар Твиттер хабар додааст, мухлисро ба беморхона фиристодаанд, вазъи ӯ мӯътадил аст.
«Се хол хуб аст, аммо барои ман ин шахс муҳимтар буд. Ба ман гуфтанд, ки ӯ хуб аст, дар ҳолати муътадил. Ман дидам, ки мухлисон чизеро ишора мекунанд. Ногоҳ пай бурдам, ки чӣ гапе ҳаст. Ман ба довар нигоҳ кардам ва ӯ бозиро қатъ кард. Фикр мекунам, ки ҳоло ҳама чиз хуб аст. Ин хеле аҷиб буд. Ман дидам, ки марде хобидааст, асабӣ будам, зеро намехостам онро бубинам", - иқтибос меорад суханони Регилонро BBC Sport.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив