LIVE

Роналд Куман: “Довар мебоист пеналти медод. Аммо “Барса” бояд боз тоқат кунад

Сармураббии “Барселона” - Роналд Куман назарашро роҷеъ ба натиҷаи бозии даври 30-юми Ла Лига бо “Реал Мадрид”- (1:2) баён намуд.
«Ман фикр мекунам, ки агар шумо вохӯриро тамошо карден ва ҷонибдорӣ “Барселона” ҳастед ба монанди мо аз ду   қарори довар норозӣ хоҳед кард.
Дар қисми аввал, мо ҳам дар ҳамла ва ҳам дар мудофиа суст бозӣ кардем. Дар пайти дуюм беҳтар шудем ва ман мехостам довар қарорҳои дуруст қабул кунад. Дар ҳолати афтидани Брайтвайт пас аз бархӯрд бо Менди пеналти таъин кардан лозим буд ва аз чор дақиқаи иловашуда довар дувуним дақиқаи онро барои таъмири хати алоқааш сарф кард. Дақиқ пеналти буд. Аммо моро зарур аст, ки ин навбат низ бо ҳодисаи рӯйдода таслим шавем ва хомӯширо ихтиёр кунем. 
Ман намефаҳмам, ки чаро дар Испания VAR лозим аст? Ҳама ин ҳолатро диданд ”гуфт Куман.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив