LIVE

Футболбозони "Истиқлол" аз мактаб-интернати н.Рашт дидан карданд

Дар доираи барномаи хайриявӣ кормандон ва футболбозони бошгоҳи футболи «Истиқлол» дар якҷоягӣ бо бунёди хайриявии “Делай добро” боз як чорабинии хайриявӣ баргузор карданд - онҳо аз мактаб-интернати ноҳияи Рашт дидан карданд. Боздид аз чунин муассисаҳо, ки ба ҳукми анъана даромадааст, бо талошҳои роҳбарияти бошгоҳ, ки нисбати сарнавишти ятимон бепарво нестанд, имконпазир гашт.
Дар ин муассиса, ки 140 кӯдак тарбия мегиранд, меҳмононро бо хушнудӣ пешвоз гирифтанд. Барномаи боздид муоширати футболбозон бо кӯдакони мактаб-интернатро дар бар гирифт. Дар рафти чорабинӣ ба тарбиятгирандагони муассиса  барномаи рангини  фароғатӣ пешкаш карда шуда,  ба кӯдакон тӯҳфаҳо - ширинӣ, меваҳо, нӯшокиҳо, тӯби футболӣ ва либос тақдим карда шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив